Таблиғ барои пешрафти сомона
Эссе ва сухан дар бораи рузи Артиши милли, рузи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон. Иншо барои рӯзи Артиши миллӣ, рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 февраля.
ВАТАНДӮСТӢ АЗ ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ОҒОЗ МЕЁБАД.
Ҳама сола 23 – феврал дар саросарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳ бо як шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида мешавад. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ин боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол, қувваҳои мусалаҳаш мебошад.
Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад.
Артишро чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда, дар он ҷо сарбозон ҳамарӯза бояд тамрини низомӣ гузаронида ва посбониву ҳушёри ва зиракии марзи кишвари азизамонро ҳифз намоянд. Ҳимояи амну амнияти мардум вазифаи артиши неруманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоиштаро ҳассостар дарк месозад.
23 феврал – рузи Артиши милли
Аз ин рӯ, бе дудилагӣ ҳар як модар фарзандашро бо даъвати баҳори ва тирамоҳӣ ба хизмат бояд ҳидоят намуда ва аз хизмати онҳо ифтихор намояд. Дар хотир бояд дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум, аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад.
Дар даврони соҳибистиқлоли ҷавонон бояд як нуқтаро дарк намоянд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат бармеояд, ки ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ буда, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон – Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас донем.
Ба қадри Модар – Ватан, муқаддасоти миллӣ – Истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, суботу озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ ва таъриху маданияти халқи худ бирасем ва барои наслҳои ояндаи худ гузоштани мероси арзанда, талош варзем.
рузи артиши милли, дар бораи артиши милли. 23 февраля рузи артиши милли, шеър дар бораи артиши милли
Шеър дар бораи рузи артиши милли (табрикот)
Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Рӯзи 23 – юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард.
Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли 23 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гадид, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад.
Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас аст. Вақте, ки кӯдак чашм ба дунёи ҳастӣ мекушояд, дар машомаш бӯи шири модару дар рӯйи хоки зодгоҳаш ба воя мерасад. Пайғамбари Худо (с) ватандӯстию ватандориро яке аз нишонаҳои имондорӣ номидааст: “Алоқа ва муҳаббат ба Ватан аз нишонаҳои имон аст”.
Гузаштагони бузурги мо тавонистаанд бо нӯги қалами худ ватандӯстию ватанхоҳиро иброз намоянд. Шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфи умри худро то дами марг барои ватан дареғ надошт, чуноне ки гуфтааст:
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,
Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.
Ҳадаф аз ифшои чунин мисраъҳо дар дили ҷваонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд буданашро Сурқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олиии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”.
Ватан, чӣ қадар калимаи зебост. Вақте инсон ин калимаро ба забон меорад, пеш аз ҳама он маконе ба хотираш меояд, ки дар он ҷо таваллуд шудаасту ба воя расидааст ва ин макон барои ҳар шахс азизу муқаддас аст. Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсоли ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист.
Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мордонагӣ омӯзем.
Рӯзи 23 – юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард.
Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли 23 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гадид, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад.
Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас аст. Вақте, ки кӯдак чашм ба дунёи ҳастӣ мекушояд, дар машомаш бӯи шири модару дар рӯйи хоки зодгоҳаш ба воя мерасад. Пайғамбари Худо © ватандӯстию ватандориро яке аз нишонаҳои имондорӣ номидааст: “Алоқа ва муҳаббат ба Ватан аз нишонаҳои имон аст”.
Гузаштагони бузурги мо тавонистаанд бо нӯги қалами худ ватандӯстию ватанхоҳиро иброз намоянд. Шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфи умри худро то дами марг барои ватан дареғ надошт, чуноне ки гуфтааст:
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,
Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.
Ҳадаф аз ифшои чунин мисраъҳо дар дили ҷваонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд буданашро Сурқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олиии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”.
Ватан, чӣ қадар калимаи зебост. Вақте инсон ин калимаро ба забон меорад, пеш аз ҳама он маконе ба хотираш меояд, ки дар он ҷо таваллуд шудаасту ба воя расидааст ва ин макон барои ҳар шахс азизу муқаддас аст. Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсоли ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист.
Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мордонагӣ омӯзем.
Бие, эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем,
Ба ҷон омодаи ҳар як нидои ин Ватан бошем.
Канораш гарму роҳатбахш чун домони мо дархост,
Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем.
23-феврал рӯзи таъсисебии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад. Бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ххамдиёрон, дустону бародарон ва ҳамватанони гиромиқадрро табрику таҳният менамоем.
Қувваҳои Мусаллахи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи Истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар обод гаштани Ватани азизамон сахми хешро гузорем. Дар ин муддати нисбатан кутоҳи таърихи ҷузъу томҳои он ба як неруи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта холо ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд.
Дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриои собиқи шурави Осиёи Маркази Тоҷикистон ба хечваҷх аз Артиши Шуравии Қувваҳои Мусаллахаи ИЧШС мерос нагирифтааст. Баҷои ин, Вазорати Мудофияи Федератсияи Руссия дивизияи 201-уми мотосиклхои дар Душанбе ҷойгир шударо тахти назорат гирифта фармондехи Дивизияро аз Тошкант ба Москав интиқол дод.
Дар қаламрави Тоҷикистон як қисми калони Қушунҳои Сархадии Шуравии Қувваҳои Мусаллаҳи ИЧШС ҷойгир буданд, ки баъдан бо афсарони рус ва давъатшудагони тоҷик муҷаххас карда шуданд.
Бо сабаби ҳузури неруҳои руси ва ҷанги шаҳрванди дар кишвар, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон танҳо моҳи апрели соли 1994 расман ба таври қонуни ифтитоҳ шуданд, ҳарчанд санаи истинод 23-феврали соли 1993 аст, вақте чузъу томҳои аз Ҷабҳаи Халқи ташкил ёфта бо марши тантанави дар Душанбе мебошад.
Ҳамасола тақрибан 15-16 ҳазор ҳайати шахси ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давъат карда мешаванд. Тибқи маълумоти расми дар давлат беш аз 600000 нафар шахсони сину соли ҳарбӣ мавҷуданд, ки аз онҳо тақрибан 150000 барои таъкид аз хизмати ҳарбӣ бо сабабҳои гуногун ҳуқуқ доранд ва тақрибан 100000 нафари дигар дар хориҷӣ кишвар кор мекунанд.
Артиши ҷавони Точиқистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷиа бори ҷанги шаҳрванди якҷо бо мақомоти ҳифзи хуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлолияти давлати, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмилли ва хомуш кардани ошубҳои хиенаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузоштаанд.
Тайи 28-соли фаъолият Қуввахои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карданд аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба неруи қудратманди низоми, муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собиткадамона рушду такамул меёбанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз қисмҳои сохтори давлатии мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда барои ҳифзи Истиқлолият ва ҷузъиёти марзии он дар ҳолати ҳуҷуме ҷанг пешбини шудааст.
Қуваҳҳои мусаллаҳ аз неруҳои замини, қувваҳои ҳарбӣ, неруҳои ҳавои, қувваҳои махсус, неруҳои дифои ҳавои, гвардияи миллии президентӣ ва қувваҳои амният иборатанд
Идатон муборак! Родмардону далерони Ватан!
Шуморо бо рӯзи Артиши Милли ва рӯзи мардони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб муборакбод мегуям.
Мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ н.и.т. – Тохтаходжаева С.Т.
асситенти кафедра – Хакимова З.С.
Ҳар сол рӯзи 23 феврал дар ҷумҳурии мо ҳамчун Рӯзи муҳофизони Ватан ё Рӯзи артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Суоле ба миён меояд, ки чаро на рӯзҳои дигар, балки маҳз рӯзи 23 февралро Рӯзи муҳофизони Ватан ном додаанд? Аз ин рӯ, зарур донистем барои муайян намудани заминаҳои ба вуҷудоии ин ҷашн ба санадҳои таърихӣ назар намоем.
Аз санадҳои таърихӣ маълум гашт, ки ин ҷашн бо чанд ном дар таърих боқӣ мондааст:
-Рӯзи Артиши Советӣ;
-Рӯзи Артиши Сурх;
-Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ва Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.
Ҳамин тавр, баъд аз ғалабаи шӯриши яроқнок дар Петроград, санаи 24-25 октябри соли 1917 (аз рӯи тақвими имрӯза 7-8 ноябри соли 1917) ба ҷумҳурии ҷавону тозабунёди Шӯравӣ қувваҳои зиддиинқилобӣ ҳамла намуданд. Ҳукумати Шӯравиро зарур буд, ки алайҳи онҳо муборизаи оштинопазирро оғоз намояд. Дар он замон ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҳокимияти Шӯравиро фақат отрядҳои Гвардияи сурхи сарбозон ва маллоҳони инқилобӣ ташкил медод. Ҳокимияти Шӯравӣ бо мақсади ҳимояи давлати тозабунёди Шӯравӣ аз Олмони кайзеровӣ ба ташкили артиши муназзаму доимоамалкунандаи худ шурӯъ намуд. Санаи 15 январ (бо солшумории нав 29 январ) – и соли 1918 Раиси Шӯрои Комиссариатҳои халқ В.И.Улянов (Ленин) Декрет «Дар бораи ташкили Флоти ҳарбии коргару деҳқон»- ро имзо намуд. Баъдтар санаи 29 январ (бо солшумории нав 11 феврал)-и ҳамон сол Декрет «Дар бораи ташили Артиши сурхи коргару деҳқон»- ро низ ба тасвиб расонид.
18-уми феврали соли 1918 қӯшунҳои ҳарбии олмонию австриягӣ (39 дивизияро ташкил медод) ва туркӣ, аҳдномаи оштии 2 (15) декабри соли 1917 басташударо шикаста, ба давлати тозабунёди Советӣ ҳамла намуданд ва ба истило намудани Украина, Белорусия ва минтақаҳои назди Балтика оғоз карданд. Рӯзи 21 феврали ҳамон сол қӯшунҳои олмонӣ шаҳри Минскро ишғол намуданд. Дар ин рӯз Ҳукумати Шӯравӣ бо шиори «Ватани сотсиалистӣ дар хатар» ба аҳолӣ муроҷиат намуд. Аҳолӣ оид ба муроҷиати роҳбарияти Ҳукумати Шуравӣ бетарафӣ зоҳир нанамуданд ва ихтиёран яко як ба сафи Артиши сурх дохил гардиданд.
Рӯзи 23-юми феврали соли 1919 дар шаҳри Петроград рӯзи Артиши сурх таҳти шиори ҳимояи Ватани сотсиалистӣ аз «қӯшунҳои кайзеровӣ» (дар санадҳои он замона вожаҳои «немисӣ» ё «олмонӣ» истифода нашуда, танҳо вожаи «кайзеровӣ» ном бурда мешуд) баргузор гардид. Дар иҷлосияи Шӯрои петроградии депутатҳои артиши коргару деҳқон, ки ба солгарди ташкили Артиши коргару деҳқон бахшида шуда буд, бо маърӯзаи шодбошӣ Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ Я. М. Свердлов баромад карда, аз ҷумла қайд намуд, ки Артиши сурх, қабл аз ҳама бар зиди душманони хориҷӣ таъсис дода шуда аст.
Аввалин маротиба, соли 1923 ба ифтихори «Рӯзи Артиши сурх ва флот» фармони Шӯрои инқилобии ҳарбии Ҷумҳурӣ интишор карда шуд. Баъдтар Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ, ҷиҳати муштарак намудани солгарди Артиши сурх боз бо як чорабинии таблиғотӣ-яъне «Рӯзи туҳфаи сурх» тасмими тозае гирифт. Ба зудӣ рӯзномаи овозадори «Правда» меҳнаткашонро бо хабари тозаро нашр намуд: «Таҷлили Рӯзи туҳфаи сурх дар тамоми ҳудуди Ҳукумати Шӯравӣ ба рӯзи 23 феврал гузаронида шуд. Дар ин рӯз дар тамоми шаҳрҳо ва дар фронт иди солгарди таъсиси Армияи сурх таҷлил карда мешавад…».
Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъд аз расидан ба Истиқлолият рӯзи 23-юми февралро чун рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ таҷлил менамуд, ки асосҳои бунёди худро аз 23-юми феврали соли 1993, яъне гузашти аввалин паради низомӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе медонад.
Курсанти курси 4, гурӯҳи таълимии №412, факултети № 6, сержанти хурди милитсия Саидов А. А.