23 февраля рузи артиши милли реферат

Обновлено: 27.04.2023

В мире насчитывается множество праздников, событий, дат, какие-то из них относятся к конкретному человеку, городу, республики, а есть праздник, который знает любой человек на планете, тот День, когда даже мальчика называют мужчиной. Это день 23 Февраля. День защитника отечества, и не важно сколько тебе лет, ведь в любом возрасте и статусе, мужчина является защитником своих родных и близких. Тот День, когда мы поздравляем своих дедушек, отцов, сыновей, братьев и конечно же коллег, носит большое историческое значение благодаря нашим вооруженным силам и Нашему крепкому Правительству, и Государству.

Этот день уходит корнями в День Красной Армии в Советском Союзе . 23 февраля 1992 года президент Эмомали Рахмон подписал указ о создании Вооруженных сил Таджикистана . Также известная как Таджикская национальная армия, в настоящее время она состоит из сил воздушной и противовоздушной обороны, сухопутных войск и мобильных войск , которые находятся в подчинении Министерства обороны . В состав вооруженных сил входят также Национальная гвардия президента , День пограничника и Внутренние войска Таджикистана при Министерстве внутренних дел (ВКД). 23 февраля также отмечается в России , Беларуси , Киргизии и частично признанных республиках Южная Осетия и Приднестровье как День защитника Отечества .

Празднование Дня Таджикской национальной армии организовано Министерством обороны . Чаще всего годовщина Таджикской национальной армии отмечается во время мероприятий, проводимых в Парке Победы в Душанбе , где возлагаются венки 1993 г.

В тот же день в Душанбе прошел первый военный парад Таджикистана в честь основания Таджикской национальной армии. Парадом руководили первый министр обороны страны полковник Александр Шишлянников , а также полковник Рамазон Раджабов (заместитель министра обороны), офицер, которого часто считали потенциальным преемником Шишлянникова. Перед началом парада участников парада посетил церемония введения в должность в присутствии президента Рахмона Набиева на площади Озоди .

2003 г. Он был посвящен 10-летию таджикских военных. Президент Рахмон подтвердил свою приверженность антитеррористической коалиции во главе с США .

2008 г. Юбилейная медаль была учреждена в честь случаю 15 – й годовщины вооруженных сил.

2013 г. В 2013 году исполнилось 20 лет Вооруженным силам. В торжествах и мероприятиях приняли участие более 10 тысяч военнослужащих. Министр обороны Таджикистана Шерали Хайруллоев осмотрел юбилейный парад в столице, на котором впервые приняли участие военнослужащие и личный состав Агентства по борьбе с коррупцией и Государственного комитета национальной безопасности .

2018 г. Он отметил серебряный юбилей Вооруженных сил Таджикистана. Церемония и праздничный концерт прошли в Государственном комплексе Кохи Борбад в Душанбе. В концерте приняли участие академический ансамбль национальной армии и Военный духовой оркестр Министерства обороны . В этот день открылся Центр управления вооруженными силами (который служил бы главным военным командным центром президента). Пятилетний парад был отменен президентом Эмомали Рахмоном из-за отказа правительства проводить какие-либо крупные парады до 2021 года по случаю 30-летия независимости.

2020 г. Парад 2020 года прошел в честь 27-летия Вооруженных сил. В отличие от большинства лет, парад проходил на базе Национальной гвардии в Душанбе.

После знакомства с такой Горделивой историей, дух патриотизма вечно расцветает в наших сердцах, в связи с этим хочется от всей души поздравить наших дорогих коллег Защитников в белых халатах, нашу опору и Силу.

Пусть порой не легко, но, вы все же – большие молодцы, Вы – мужественные борцы за жизни людей, Вы – настоящие герои, которые стоят на страже человеческого здоровья. Будьте и сами здоровы, уверенны в себе и счастливы по жизни. Мира, Упорства, решительность, отваги, благополучия и поддержки близких людей Вам!

Ассистенты кафедры терапевтической стоматологии Расулова С.И. и Уманова Н.Э.

  • Для учеников 1-11 классов и дошкольников
  • Бесплатные сертификаты учителям и участникам

Описание презентации по отдельным слайдам:

Шаклу усули таълим: УФТ, Гурӯҳбандӣ, Муқоисавӣ, Мубоҳисавӣ,Инфиродӣ, Омехта,и.

Шаклу усули таълим: УФТ, Гурӯҳбандӣ, Муқоисавӣ, Мубоҳисавӣ,Инфиродӣ, Омехта,инфиродӣ Таҷҳизот Буклетҳо,саволномаҳо, Расмҳои гуногун вобаста ба мавзӯъТахтаи электронӣ Диқати асосӣ: дода шуд ба 25солагии артиши миллӣ. Равиши дарс: Қисми ташкилии дарс: а) Ба ҷо овардани одоби муошират; б) Аз назар гузаронидани давомоти хонандагон; в) Назорати ашёҳои хониши хонандагон; г) Омода намудани хонандагон ба дарс; МАВЗӯЪ: ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД.(бахшида ба 25 солагии артиши миллӣ)

ТО БИХОБАД МИЛЛАТЕ ОСУДА ДАР БОЛИНИ НОЗ АСКАРЕ БОЯД, КИ САНГИ ХОРАРО БИСТАР К.

ТО БИХОБАД МИЛЛАТЕ ОСУДА ДАР БОЛИНИ НОЗ АСКАРЕ БОЯД, КИ САНГИ ХОРАРО БИСТАР КУНАД.

Гаҳ бо камону тир , гаҳ бо суруду шер Бо килку бо варақ, ман ҳомии туям Дар з.

Гаҳ бо камону тир , гаҳ бо суруду шер Бо килку бо варақ, ман ҳомии туям Дар зулмати шабам, ё дар талуси рӯз Дар партави шафақ, ман ҳомии туям Баҳри дифои тӯ, аз дасти Рустамӣ. Бигрифтаам сабақ, ман ҳомии туям.

Хонандагон: Хизмати Модар- Ватанро аз дилу ҷон мекунем, Ҳар нафас шаъну шуку.

Хонандагон: Хизмати Модар- Ватанро аз дилу ҷон мекунем, Ҳар нафас шаъну шукуҳашро фаровон мекунем Баски моро ӯ ба меҳри модари парвардааст, Дар вафодорӣ барояш аҳду паймон мекунем. Осмон соф асту хуршеди саодат шӯълапош Ифтихор аз ин замону Оли Сомон мекунем Ҳар киро меҳри Ватан набошад, кофар аст, Маънии ҳуббулватан фармудаи пайғамбар аст. Дуруду паёми моро бипазиред омӯзгорон ва ҳозирини муҳтарам. Соати тарбиявиамонро ба зеботарин, азизтарин ,муқаддастарин ва гиромитарин мавзӯъ барои ҳамаи мо “ВАТАН”оғоз мекунем.Мо агар ҳама умр дар хизмати Модар- Ватан бошем ва ҳама васфи ӯ бигуем ин кам аст, зеро дуст доштани Ватан ин дуст доштани Модар аст.Ҳимояи Ватан яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мову шумо ба ҳисоб меравад.Мақсади гузаронидани соати тарбиявии мо боз як бори дигар бузургии ватанро нишон додан аст.Донед, ки Ватан муқаддас аст, чун Модар. Идатон муборак сарбозони ояндаи Ватан.

Ватан чист?

Чун ҳамасола 23 феврал ҳамчун рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии тоҷикистон да.

Чун ҳамасола 23 феврал ҳамчун рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии тоҷикистон дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, ки имсол 25 солаги Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Сарфармондеҳи олии қушунҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти мамлакат асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон мебошад.

соли 2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки ҳимояи сарҳадоти худро комилан ба.

соли 2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки ҳимояи сарҳадоти худро комилан ба уҳда гирад. Яъне қушунҳои сарҳадӣ қисми муҳиму таркибии Артиши миллӣ шуданд. Бо мақсади таъмин намудани артиш бо афсарони кордону донишманд ва таҷрибанок, колеҷи олии ҳарбӣ, таъсис ёфта ба зудӣ ба Донишкадаи ҳарбии вазорати мудофиа, омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ, мактаби олии кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Афсарони тоҷик барои омӯзиш ва такмили ихтисос дар мактабҳои олии ҳарбии Русияву Чин, Украинаву Ҳиндустон низ таҳсил мекунанд.

Мустаҳкамкунӣ: бо қироати шеърҳо, гуфторҳои видиоӣ ва Синквейн (бозии панҷгӯ.

Мустаҳкамкунӣ: бо қироати шеърҳо, гуфторҳои видиоӣ ва Синквейн (бозии панҷгӯша) гузаронида шуд. 1)исм. 2)2сифат 3) 3 феъл 4)Ҷумла аз калимаҳо 5) синоним.

Шумо дарк намудед,ки ояндаи давлату миллат дар дасти шумост ва давлату ҷомеа.

Шумо дарк намудед,ки ояндаи давлату миллат дар дасти шумост ва давлату ҷомеа аз шумо ҷавонон умеди зиёд дорад . Дар охир дарси тарбиявии худро, ки бахшида ба 25 солаги Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд хулоса намуда гуфтаниам: Ҳамехоҳам, ки дунёи Ватан бошам Гулафшон дар ҳама ҷойи Ватан бошам. Кунам ҳар лаҳзае обод имрӯзаш Умеди рӯзи фардои Ватан бошам. Биёед эй азизон ҷамъ бошем, Барои якдигар чун шамъ бошем. Ватан обод гардад чун ба раҳаш Вафодору ба ору нанг бошем Супориши вазифаи хонагӣ: Навиштани иншои хурд дар мавзӯи “Мақсади ман дар зиндагӣ”.

Читайте также:

      

  • Реферат гигиена оборудования и предметов
  •   

  • Ораторское искусство цезаря реферат
  •   

  • Программируемые логические контроллеры реферат
  •   

  • Типы межчеловеческих отношений и теория ролей я л морено реферат
  •   

  • Реферат франчайзинг в медицине

Ҳамасола Артиши миллиро 23-уми феврал дар сар то сари Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 43 чунин оварда шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояти манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад». Имсол 28-умин солгарди Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар вазъи бисёр вазнин сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷа тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳала ба марҳала устувору қавитар гардида, имрўз бо кадрҳои донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад.

18-уми декабри соли 1992 Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон » қарор ба имзо расида, Артиши миллӣ таъсис дода шуд.

23-уми феврали соли 1993 нахустин сафороии ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рўз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ эълон карда шуд. Ҳукумати ҶТ баҳри мустаҳкам намудани мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1993—1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.

То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд.

Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар заминаи Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 

Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚХ ҚМҶТ) соли 1993 ташкил шуда аз сершумортарин навъи Қувваҳои мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои хушкигард 70 дар сади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳайати Қӯшунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд.

Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҲҲ ва МЗҲ ҚМҶТ) аз нахустин навъи Қувваҳои мусаллаҳ ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ бошад, нисбат ба Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ҷавон буда, он соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои Мусаллаҳ муттаҳид гардонида шуданд. Ҳайати шахсӣ ва ҳавопаймою чархболҳои ҷангии ҚҲҲ аз рӯзҳои аввали фаъолияти Артиши миллии ҷумҳурӣ дар ҳифзи сохти Конститутсионии Тоҷикистони навбунёд аз худ саҳми арзандае гузоштаанд.

Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚЗ ҚМҶТ) моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфта, қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии бунёди Қӯшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна нерӯҳо ва дар маҷмӯъ зудамал ва қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъйиноти махсус, Полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.

Имрўз сокинони мамлакат дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизи худро дида, онро сипари боэътимод медонанд. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи моддию техникии имрўзаи Артиши миллӣ аз рўзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ менамояд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми хизматчиёнии ҳарбии Ватанамонро инчунин,  ҳамкорони азизро бо фарорасии рўзи Артиши миллӣ, чун яке аз идҳои хеле муҳими кишвар мебошад, табрик ва таҳният мегӯям.

Бигзор ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед!

Рухшона Баҳриддинова,

сармутахассиси шуъбаи коркарди адабиёт. 


Подборка по базе: Проект Призвание – учитель Галимов Рузиль.doc, Автомат Милли.docx, Презентация _Кто хочет стать миллионером_ Живой мир_.ppt, экстравазация Рузиматова.docx, Творчество Агнии Львовны Барто известно миллионам детей и родите, На земле миллионы замечательных профессий.docx, 1 айда 1 миллион.pdf, Чем так хороши культовые бренды и почему миллионы людей по всему, контрольна работа 4 класс нумерация чисел в пределах миллиона.do, Презентация по математике на тему _Единицы длины. Миллиметр_ (2


АРТИШИ МИЛЛИ

23-ФЕВРАЛ РУЗИ ЌУВВАЊОИ МУСАЛЛАЊИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

 Аз таъсиси Артиши милли 29 сол пур мешавад ќуввахои Мусаллањи Љумњурии Точикистон зодаи истиќлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд.
Баъди пош хурдани Иттињоди Шуравї кишварњои навтаъсис, алалхусус давлатњои мустаќили Осиёи Марказї дар заминаи биною иншооти амнияти њарбидошта, ќуввањои мусаллањи хешро бунёд намуданд. Њамзамон онњо аз Артиши пурќудрати Шуравї техникаи мухталифи љангї ва яроќу аслињаи гуногунро мерос гирифтанд.
Вазъи душвори њарбї-сиёсии он солњо имкон надод, ки Тољикистон аз мероси Артиши Иттињоди Шуравї бархурдор гардад. Дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон танњо дивизияи тирандози 201-ум љойгир буд.
Мутаассифона, он замон дар љумхурї љанги шањрвандї љараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тулонї гардидани ин муноќиша гардад. Раванди њодисахои баъдї исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум, ягона роњи њалли дуруст ва љавобгуи манфиатњои миллии Тољикистон аст. Аз рузњои аввали таъсиси Аритиши миллї афсарони мо баробари сангарњо љангиданд, ба танзими сохтори ташкилию штати худмашѓул шудаанд. Тањкурсии моддї-техникї умумам вучуд надошт. Норасої ба кадрњои њарбї ва мутахассиони касбї дар њама љанбањо њис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилињо њайати шахсии Ќуввањои Мусаллањи љумњурї дар солњои душвори муќовимат, роњи пур-печутоберо тай намуда, таљриба андухт ва ба яке аз Артишњои касбии минтака табдил ёфт. Бунёди Куввањои Мусаллањ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.
Маќсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллї ин ташкили ќуввахои њарбие буд, ки кобилияти таъмини истиќлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии њаёти осоиштаро дошта бошад. Ба ин максад бригада ва баталиёнњои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онњо муќовимат бо ќуввахои зиддидавлатї ва муњофизати сохти конститутсионї буд.
Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатї буда, бо таъсиси намудњои асосї, ба монанди ќушунњои хушкигард, ќуввањои њарбї-хавой ва ќушунњои мудофиаи зиддињавой оѓоз гардид. Дар ин давра њамчунин љузъу томњое, ки тавонанд мутобињи таѓйирёбии воќеии вазъи њарбї-сиёсии минтаќа амал намоянд, созмон ёфтанд.
Давраи сеюми сохтмони Ќуввањои Мусаллањ пас аз имзо расидани Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Точикистон огоз гардид. Дар ин давра вазифа ва таъиноти намудњои амалкунандаи Ќуввањои Мусаллањ аз нав баррасї шуданд. Бо шомил гардидани силоњбадастони собиќ мухолифини тољик сохтори ташкилию штатї таѓйир ёфт.
Айни замон дар Ќуввањои Мусаллањ гузаронидани ислоњоти њарбї идома меёбад. Намуди нави Ќуввањои Мусаллањ ќуввањои зудамал бе афзоиши теъдоди умумї таъсис гардид. Ќуввањои њарбї- њавой ва мудофиаи зиддињавои мутањид шуданд. Чунин навгонињо, пеш аз њама ба болоравии омодагии љангии њайати шахсї ва тањкими ќобилияти онњо бањри таѓйирёбии вазъияти њарбї-сиёсї, яъне мутобиќ сохтани аксуламали фаврї равона шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки солњои аввали таъсисёбии Артиши миллї мо ба мушкилоти нарасидани кадрњои њарбї ру ба ру шудем ва дар ин љода Федератсияи Россия ба мо дасти кумак дароз кард. Аз рузњои аввали таъсисёбии Ќуввањои Мусаллањ хизматчиёни њарбии мо дар макотиби олии Вазорати мудофиаи ин кишвар таълим мегиранд. Њоло дар макотиби гуногуни њарбии Россия беш аз 400 мутахассиси тољик дарс меомузад.
Дар бахши омузонидани мутахассисони њарбї ба мо Љумњурии Хал ќии Хитой (зиёда аз 40 нафар), Љумњурии Њиндустон (зиёда аз 60 нафар), Британияи Кабир (њар сол 2 нафарї), Канада (8 нафарї), Љумњурии Федералии Олмон (9 нафар), Фаронса ( 35 нафар) ва Амрико (4 нафар) ба таври ройгон кумак менамоянд. Бар замми ин, бо дастгирии масъулини вобастаи низомии љумњурињои Фаронса, Њиндустон, Љумхурии Исломии Эрон, Британияи Кабир, Љумњурии Федералии Олмон ва Амрико дар Донишкадаи њарбї ва литсейи њарбї синфњои махсуси омузиши забонњо ташкил ёфтаанд, ки тамоми харљи таълим ва таъмиру таъмини синфхонањо бо асбобњои хониш ва компютерњо, пардохти маоши муаллимон ба зиммаи онњост.
Дар навбати худ Љумњурии Тољикистон дар тайёрии кадрњои њарбї барои артиши навтаъсиси Афѓонистон кумаки бародарона расонид.
Дар назди Донишкадаи њарбии Вазорати мудофиа 26 нафар хизматчиёни њарбии ин кишвари њамсоя муддати 6 моњ тањсил кардаанд.
Тамоми харољоти вобаста ба будубоши онњо дар Тољикистон ба зиммаи мо буд.
Њамзамон дар Вазорати мудофиа усулњои камхарљу пурсамари таълими њайати шахсии Ќуввањои Мусаллањ, баланд бардоштаии малакаи љангї ва обутоби љисмонии аскарон амалї мегардад. Дар назди њар як ќисми њарбї марказхои таълими, майдончањои машќї амал мекунанд, ки ба омодагии љангии ќушунњо ва самарабахшии машќњои таълимию машѓулиятњо мусоидат менамоянд.
Натиљаи омўзиш дар семинару курсњои бозомузї ва такмили ихтисоси афсарон, ки њар сол дар дохил ва хориљи кишвар барои такмили донишњои назариявию амалї мегузаранд, ќаноатбахшанд. Ин тадбирњо дар бахши тайёрии мутахассисони њарбї ва такмили таљрибаи афсарон минбаъд низ идома меёбад.
Мустањкам намудани руњияи низомии сарбозону афсарон, њифзи ормонњои абадзиндаи ватандустї, эњтиром ба мукаддасоти Ватан, ифтихори миллї, шохаи асосї ва муњими корњои тарбиявї дар артиш мањсуб меёбад. Таърихи кањрамонию шуљоат, далерию матонати падарону бобоёни мо бар њар як хизматчии њарбї дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллї доштани артиш, муносибати халќ ба хизмати њарбї ва эњтироми мардуми Тољикистон ба зањмати њарбиён таъсири нек мерасонад.
Ба кисмњои њарбї ветеранњои љангу мењнат даъват ва бо сарбозон вохурињо ташкил карда мешаванд. Бахшида ба Рузи таъсисёбии Артиши миллї дар Вазорати мудофиа бањри баланд бардоштани омодагии љанги ва тартибу интизоми ќавї корњои зиёде амали карда мешаванд.
Айни замон љузъу томњои Вазорати мудофиа ба њайати неруњои њарбии сулњљуи байналмилалї шомил нагаштаанд ва агар лозим шавад неруњои њарбии мо омода њастанд, ки дар ин њайат фаъолият намоянд. Њар як давлати соњибистиќлол дар њифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллї такя мекунад. Тољикистони соњибистиќлол низ њамчунин, таърихи беш аз 17-солаи Артиши миллии љумхурї собит намуд, ки он њамчун такягоњи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулњу субот хизматњои беназир намудааст.

Бие, эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем,


Ба ҷон омодаи ҳар як нидои ин Ватан бошем.


Канораш гарму роҳатбахш чун домони мо дархост,


Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем.


23-феврал рӯзи таъсисебии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад. Бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ххамдиёрон, дустону бародарон ва ҳамватанони гиромиқадрро табрику таҳният менамоем.


Қувваҳои Мусаллахи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи Истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар обод гаштани Ватани азизамон сахми хешро гузорем. Дар ин муддати нисбатан кутоҳи таърихи ҷузъу томҳои он ба як неруи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта холо ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд.


Дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриои собиқи шурави Осиёи Маркази Тоҷикистон ба хечваҷх аз Артиши Шуравии Қувваҳои Мусаллахаи ИЧШС мерос нагирифтааст. Баҷои ин, Вазорати Мудофияи Федератсияи Руссия дивизияи 201-уми мотосиклхои дар Душанбе ҷойгир шударо тахти назорат гирифта фармондехи Дивизияро аз Тошкант ба Москав интиқол дод.


Дар қаламрави Тоҷикистон як қисми калони Қушунҳои Сархадии Шуравии Қувваҳои Мусаллаҳи ИЧШС ҷойгир буданд, ки баъдан бо афсарони рус ва давъатшудагони тоҷик муҷаххас карда шуданд.


Бо сабаби ҳузури неруҳои руси ва ҷанги шаҳрванди дар кишвар, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон танҳо моҳи апрели соли 1994 расман ба таври қонуни ифтитоҳ шуданд, ҳарчанд санаи истинод 23-феврали соли 1993 аст, вақте чузъу томҳои аз Ҷабҳаи Халқи ташкил ёфта бо марши тантанави дар Душанбе мебошад.


Ҳамасола тақрибан 15-16 ҳазор ҳайати шахси ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давъат карда мешаванд. Тибқи маълумоти расми дар давлат беш аз 600000 нафар шахсони сину соли ҳарбӣ мавҷуданд, ки аз онҳо тақрибан 150000 барои таъкид аз хизмати ҳарбӣ бо сабабҳои гуногун ҳуқуқ доранд ва тақрибан 100000 нафари дигар дар хориҷӣ кишвар кор мекунанд.


Артиши ҷавони Точиқистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷиа бори ҷанги шаҳрванди якҷо бо мақомоти ҳифзи хуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлолияти давлати, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмилли ва хомуш кардани ошубҳои хиенаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузоштаанд.


Тайи 28-соли фаъолият Қуввахои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карданд аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба неруи қудратманди низоми, муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собиткадамона рушду такамул меёбанд.


Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз қисмҳои сохтори давлатии мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда барои ҳифзи Истиқлолият ва ҷузъиёти марзии он дар ҳолати ҳуҷуме ҷанг пешбини шудааст.


Қуваҳҳои мусаллаҳ аз неруҳои замини, қувваҳои ҳарбӣ, неруҳои ҳавои, қувваҳои махсус, неруҳои дифои ҳавои, гвардияи миллии президентӣ ва қувваҳои амният иборатанд


Идатон муборак! Родмардону далерони Ватан!


Шуморо бо рӯзи Артиши Милли ва рӯзи мардони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб муборакбод мегуям.

Мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ н.и.т.  –  Тохтаходжаева С.Т.

асситенти кафедра  –  Хакимова З.С.


503

Имрӯз мо яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол 27-солагии таъсиси Артиши миллӣ, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэтимоди Ватан мебошад, ҷашн мегирем.

Лозим ба ёдоварист, ки Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои муссалаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба баст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ , дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатари нобуди қарор дошт.
Зикр намудан бо маврид аст, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳарчанд роҳбарияти он вақтаи ҷумҳурӣ дар бобати созмон додани Артиши миллӣ кӯшишҳое аз худ нишон дода бошанд, ҳам вале он бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ амалӣ нагардиданд. Зеро вазъияти сиёсии он замон имконият намедод, ки мутобиқ ба шароити истиқлолияти давлатӣ Артиши миллӣ созмон дода шавад.
Нахустин кӯшиш дар ин замина Фармони Президенти Тоҷикистон аз 24-декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд.
Баъдтар 4-январи соли 1992 Фармон «Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 10-июни соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси Горди халқӣ ва 17-сентябри соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида бошанд, ҳам вале вобаста ба авзои носолими сиёсӣ ва мураккаби оғози истиқлолияти давлатӣ имконият ва шароити таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол яъне Артиши миллӣ ба Тоҷикистон муяссар нагардид.
Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии ХУ1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Артиши миллӣ ба таври ҳаққонӣ амалан сурат гирифт.
18-декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси қувваҳои муссалаҳи Тоҷикистон» ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии неруҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он ба души Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуд, аз дигар ҷониб ба тавсиб расидани ин қарорҳо заминаи ҳуқуқиро барои ташкили Артиши миллӣ фароҳам овард.
Хизмати Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳилае, ки қӯвваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳхои муташаккили ҷиноӣ аз рӯи шумораи умумӣ аз нерӯҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, тавонист, ки стратегияи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда онро ба амал бароварад.
Президени мамлакат Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлолият тавсиф намуда қайд намуд, ки Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба меросии худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷои холӣ оғоз намоем. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки артиши миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷи ҳифз намояд.
Заминаи аввалияи ташкили Артиши миллӣ бо таъсиси Бригадаи таъйиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҷмӯи вазифаҳояш ҳамчун нахустсохтори он 5-декабри соли 1992 ташкил карда шуд.
Артиши миллии Тоҷикистон дар таъсис ва ташаккулёбии худ се марҳиларо паси сар намудааст, ки марҳилаи аввал бо ташкил намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ, сафарбар намудани кадрҳои тахассусӣ, марҳилаи дуюм бо бунёди навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва ҷо ба ҷогузории онҳо ва марҳилаи сеюм бо таҳкиму тақвияти он вобаста мебошад.
Дар марҳилаи аввал давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон сафи Артиши миллиро аз ҳисоби хизматчиёни сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, размандагони Ҷабҳаи Халқии Тоҷикистон ва даъвати шаҳрвандони дорои ихтисоси ҳарбӣ ,ки дар захира буданд, пурра намуда буд.
Вазифаи муҳими дигар масъалаи эҷоди қонунҳо ва санадҳои дахлдори ҳуқуқӣ барои ташаккул, танзим ва ҷо ба ҷогузории Қувваҳои мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои он ба шумор мерафт.
Дар ин замина(17.02.1993.) Низомномаи тартиби қабули Савганди ҳарбӣ, (02.08.1993.) Низомномаи додситони ҳарбӣ, (26.06.193) Қонун дар бораи мудофиа ва Қонун дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ қабул гардиданд, ки на танҳо асосҳои ҳуқуқии мавҷудият ва фаъолияти қувваҳои мусаллаҳ, балки шумораи онҳо , таъмину нигоҳдорӣ ва ҳаҷми маблағҷудокунии буҷетиро муайян намуд, инчунин масъалаҳои интизоми дохилӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва фаъолияти хизматчиёни ҳарбиро ба танзим дароварда марҳилаи наверо дар такмили он ҳамчун сохтори ҳарбии давлатӣ ифшо намуд.
Аз таъсисёбии Артиш муддати зиёд сипари нашуда ба души он якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иҷрои вазифаи басо бузург ва масъулияти ниҳоят муҳим таъмин намудани суббот ва амнияти кишвар вогузошта шуд, ки тақдири миллат ва дастовардҳои истиқлолият аз ҳалли онҳо вобаста буд.
Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем,ки Кувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳанӯз дар рӯзҳои авали таъсисёбиааш дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият барқарор кардани сохти конститутсионӣ, дар мубориза ба муқобили дастаҳои муссалаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбӣ, ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, имрӯз ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.
Бояд зикр намуд, ки ҷараёни такмил ва ташаккули Қувваҳои мусаллаҳ, ба вуҷуд овардани сохторҳои таркибии он ҳам аз лиҳози моддӣ-техникӣ ва ҳам пурра кардан бо мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ то ба имрӯз давом дорад.
Зеро Ҳукумати мамлакат аз ибтидо бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъияти кишвар ба ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ,таъминоти моддӣ-техникӣ, ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ ва таъмини онҳо бо иншоот, техника ва лавозимоти ҳарбӣ, тарбияи кадрҳои соҳибихтисос, баланд бардоштани қобилияти ҷангиву омодагии ҳарбии воҳидҳои низомии Қӯвваҳои мусаллаҳ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, сарфи назар аз душворию мушкилоти зиёд ҳамеша кӯшиши ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиву техникии ин сохторро таъмин намуда истодааст.
Дар ин замина ҳануз то охири соли 1993 муҳимтарин қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти системаи амнияти миллӣ ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қушунҳои дохилии 24.02.20. ВКД ҶТ”( 28.12.1993) Қонунҳо “ Дар бораи амният” Дар бораи кумитаи давлатии амнияти миллӣ” ва “ Дар бораи таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амният ба тавсиб расиданд, ки дар роҳи таъмини нерӯи мудофиавии Тоҷикистон қадами ҷиддие буд.
Соли 1995 барои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон соли оғози дигаргуниҳои кулли ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд то соли 1995 бо вуҷуди мушкилиҳои бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ дар таъсиси қисму воҳидҳои бузургу хурди ҳарбӣ корҳои зиёд анҷом дода шуда бошанд, ҳам вале бунёди муназзами Қувваҳои мусаллаҳ аз соли 1995 оғоз гардид, ки ду марҳилаи инкишофро дар бар мегирифт.
Марҳилаи аввал ба солҳои 1995-1997- рост меояд, ки бо таҳия ва тасдиқ намудани сохторҳои ташкилию штатии мақомоти идорӣ воҳидҳои бузурги ҳарбӣ ҷойгиркунии қисмҳои ҳарбӣ, ташкил намудани системаи ягонаи идораи қушунҳо ва таҳияи қонунгузорӣ дар ин самт вобаста мебошад.
Марҳилаи дуюм ба солҳои 1998-2000- рост меояд, ки бо ба анҷом расонидани бунёди Қувваҳои мусаллаҳ, муайян намудани самтҳои минбаъдаи инкишофи он, ташкил намудани системаи устувори идораи нерӯҳои мусаллаҳ вобаста ба вазъитҳои гуногун ба шумор меравад.
Соли 1998 роҳбарияти Вазорати мудофиа натиҷаҳои марҳилаи аввали бунёди дигаргунсозиҳои ташкилиро ҷамъбаст намуда ба иҷрои нақшаҳои марҳилаи дуюм оғоз намуд, ки тибқи он бояд вазифаҳои мувофиқат кунонидани сохторҳои ташкилию штатӣ бо шумораи барои қӯвваҳои мусаллаҳ муайян намудаи Маҷлиси Олии ҶТ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва интизоми ҳарбӣ дар қушунҳо ва ҳамоҳанг кунонидани фаъолияти воҳидҳо ва ҷузъу томҳои Қӯвваҳои мусаллаҳ бо дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ анҷом дода мешуданд.
Барои боз ҳам вусъат бахшидан ба ҷараёни такмил ва таҳкими Қӯваҳои мусаллаҳ ва пурзӯр намудани масъулияти сохторҳои низоми дар таъмини амнияти миллӣ фармонҳо “ Дар бораи тадбирҳои боз ҳам беҳтар кардани тарбияи мутахасиссон барои Қувваҳои мусаллаҳ, Гвардияи президентӣ, қушунҳои сарҳадӣ ва дохилӣ, “ “ Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳ ба тавсиб расиданд, ки раванди ин дигаргунсозиҳоробоз ҳам вусъати тоза бахшид.
Дар ин замина Вазорати мудофиа имконият пайдо намуд, ки маҳорату малака ва омодагии ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбиро ба сатҳи баландтар бардорад, идораи ягонаи ҳарбиро ба роҳ монад, вазифаҳои ҷагии қушунҳоро муайян намуда ҳамоҳангии онҳоро бо дигар ҷузъу томҳои низомӣ ба роҳ монад.
Дар ибтидои соли 1999 дар сохтори Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон се навъи қуваҳои мусаллаҳ қушунҳои хушкигард, қушунҳои зидди ҳавоӣ ва қуваҳои ҳарбии зидди ҳавоӣ таъсис дода шуданд. Илова бар ин дар қӯвваҳои мусаллаҳ ислоҳоти ҳарбӣ гузаронида Сарситоди Қувваҳои мусаллаҳ ба Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ табдил дода шуд, ки ба зиммаи он вазифаҳои муҳимтарин, пеш аз ҳама роҳбарии мутамарказ ба ҳамаи ситодҳои сохторҳои қудратии малакат, омӯзиши вазъи ҳарбиву сиёсӣ, муайян кардани дараҷаи хатари ҳарбӣ ва омодагии ҳарбиву тактикии ситодҳо ва қушунҳо вогузор шудаанд.
Дар баробари ин таҳия ва қабули “Консепсияи амнияти миллии ҶТ”, Доктринаи ҳарбии ҶТ” ва “Консепсияи корҳои тарбиявӣ дар Қӯваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тадбирҳои мушахас дар таҳкими Артиши миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ буданд.Таҳким ва такмили Қӯваҳои мусаллаҳ ҳамчун сохтори ҳарбӣ ҳамеша идома дорад.
Хушбахтона имрӯз он мушкилоти солҳои пешин нарасидани афсарон,мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ ба назар намерасад. Бо шарофати иқдомҳои пайвастаи сарвари кишвар муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон амалан сурат ва моҳияти ташкилоти ҳарбиро соҳиб гашта имрӯз бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ садоқат ба касбу савганд вазифаи бошарафи худ ҳимояи ватан ва ҳифзи зиндагии осоиштаю меҳнати созандагии халқи худро анҷом медиҳанд.
Итминони комил доремм, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ савганди ботантана дар назди Президенти кишвар ёдкардаи худро ҳамеша азиз мешуморанд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд ва шарафу номуси ҳомии миллати кӯҳанбунёду фарҳангсози тоҷикро мардона пос медоранд.

Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.,Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо